Парвозҳои ҳавопаймоӣ барои беморони касалии қанд: тавсияҳо ва талаботи ҳатмӣ

Беморони касалии қанд зимни парвоз ба мушкилии муайян дучор шуда метавонанд, ки аз ин лиҳоз ба назорати доими ва ёрии потенсиалии тиббӣ эҳтиёҷот доранд. Албатта, на танҳо беморони касалии қанд, балки мусофирони дорои дигар касалиҳо ва маъюб дар дурӣ аз хона ва клиникаи наздиктарин, ба ҳолати фавқулодда низ дучор шуда метавонанд. Вале маҳз он касе, ки дар бораи бемории хеш хабар дорад, дар бораи мушкилиҳо дар вазъи саломатиаш ба интиқолкунандаи авиатсионӣ бояд пешакӣ хабар диҳад. Бо ин роҳ экипажи ширкати ҳавопаймоӣ ва намояндагони авиатсияи хусусӣ  тадбирҳои пешгириро андешида метавонанд, то ки муолиҷаи касалии қанд ва дигар бемориҳо зимни парвоз осон гардад.

Албатта, бо яз қатор тадбирҳои муҳим ҷой доранд, ки онҳоро беморони касалии қанди ҳар намуд бояд андешанд. Ана як қатор ҷанбаҳои муҳимтарину принсипиалӣ, ки баъзан эмин доштани ҳаётро кӯмак мерасонанд.

 

Ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ нигоҳ доред

Ба мусофирони бемор ва маъюб тавсия дода мешавад, ки бо худ доимо таърихи беморӣ (корти тиббӣ) ва рӯйхати доруҳои муқарраршударо бояд дошта бошанд. Агар бо худ доимо доштани нусхаҳои аслии чунин ҳуҷҷатҳо ғайриимкон аст, нусхаҳои сканеркардашуда дар даруни телефон – алтернативаи олиҷаноб мебошад. Ғайр аз ин, бештар аст, ки номҳои кимиёвии дорувориҳо навишта шаванд, зеро аз таркиби доруи монандӣ, ки ширкати дигари фармасевтӣ истеҳсол кардааст, ҳаргиз дилпур шудан мумкин нест.

Авиаперелеты для диабетиков: рекомендации и обязательные требования

Ба сифати чораи пешгирӣ ва барои ҳолатҳои фавқулодда, беморони касалии қанд, бо худ рӯйхати тамосҳо (корӣ ва шахсӣ), тамосҳои духтури муолиҷакунанда ва, дар сурати сафар барои муолиҷа ба клиникаи хориҷӣ – тамоси намояндаи тиббӣ бояд дошта бошанд. Ин шахсоне бояд бошанд, ки ба онҳо намояндагони ширкати интиқоли тиҷоратӣ ё интиқоли ҳавопаймоии беморон дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолати дар ҷодаи муолиҷа душворбуда муроҷиат карда тавонанд. Боиси қайд аст, ки чунин тадбирҳоро кормандони интиқолкунанда дар канор танҳо дар сурати зарурияти ниҳоӣ ва ҳолатҳои фавқулодда ба амал мерасонанд.

 

Ҳамаи амволи заруриро (ҳуҷҷатҳо, дорухатҳо, дорувориҳо) бастабанд кунед

Ба сафар тавассути рейси ҳавопаймоии хусусӣ ва ба канори ҳавопаймои хусусӣ амволи хеле зиёдро гирифтан мумкин, вале муҳим аст, ки фаромӯш накунед: предметҳои ниёзи аввалиндараҷа, минҷумла махсусан, дорувориҳо, доимо дар таги дастатон бояд бошанд. Шумо барои нигоҳ доштани ҳар таҷҳизоти тиббӣ, дору ва дорувории назорати сатҳи глюкоза ҷои кифояро бояд дошта бошед.

Авиаперелеты для диабетиков: рекомендации и обязательные требования

Таомномаи хешро ба нақша гиред

Ба беморони касалии қанд муҳим аст, ки сатҳи глюкозаро нигоҳ доранд, аз ин сабаб зимни парвоз онҳо ба хӯроки махсус эҳтиёҷ доранд. Ва агар мусофири ҳавопаймои хусусӣ пешакӣ хӯроки ба ҳолати саломатии ӯ оптималӣ мутобиқбударо фармоиш дода метавонад, бемороне, ки тавассути рейсҳои тиҷоратӣ саёҳат мекунанд, дар бораи саломатиашон бояд мустақилона ғамхорӣ кунанд. Бо ин мақсад, бештар аст, ки пешакӣ бо намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ тамос карда, тафсилоти оне, ки кадом ғизоро ба дохили канори киштии ҳавоӣ даровардан мумкин муайян кунед. Дар ҳар ҳолат, снэкҳо чун хӯроки сабук ва моеъҳоеро барои ба танзим даровардани сатҳи глюкоза бо худ доред.

Помпаи инсулиниро ба танзим дароред

Дар вақти парвозу фурудоӣ фишори хун тағӣир меёбад, ки аз ин лиҳоз ба хун инсулини барзиёд ворид мешавад. Бинобар ин, дар давраҳои мазкур помпаи инсулиниро бештар аст аз кор бароред. Агар ҳубобчаҳоеро, ки аз ҳисоби тағӣирёбии баландӣ пайдо мегарданд, назар кунед, помпани инсулиниро ҳатман аз кор бароред. Чунин тағӣирёбӣ воридшавии барзиёди дорувориро боис шуда метавонад.

 

Духтури муолиҷакунандаи хешро ташриф оваред

Пеш аз сафар ба назди духтур ташриф овардан – банди ҳатмии барномаи ҳар як бемори касалии қанд мебошад. Зимни ташриф аз мутахассис хоҳиш кунед, ки бо назардошти тағӣирёбии минтақаҳои соат ва иқлим, нақшаи муолиҷаи инсулиниро тартиб диҳад. Ғайр аз ин, дорухатҳои навро дархост карда, аз духтур маслиҳат гиред, ки ивази иқлиму минтақаҳои соат нисбати саломатӣ чӣ гуна таъсир мерасонад.

Авиаперелеты для диабетиков: рекомендации и обязательные требования

Ҳамчунин хеле зарур мебошад, ки аз духтур мактуб гиред, то ки онро ба намояндагони бехатарии нақлиётӣ пешниҳод карда метавонед. Дар мактуби мазкур зарурияти ба канор даровардани шпритс, инсулин ва дигар дорувории барои ҳаёт аҳамиятдошта асоснок карда мешавад. Ин амал на танҳо ҷиҳати муолиҷаи дармонии касалии қанд кӯмак мерасонад, балки зимни гузаштани санҷиши бехатарӣ дар фурудгоҳ аксарият саволҳоро бартараф мегардонад. Шумо метавонед сомонаи фурудгоҳи парвозро пешакӣ ташриф оварда, дар бораи предметҳои барои интиқол тавассути киштии тиҷоратӣ иҷозатдодашуда маълумот гиред. Чунин тадбир баҳри беҳтар омода шудан ба проседураи санҷиш мусоидат мекунад. Истифодабарандагони авиатсияи хусусӣ саволҳои марбутаро ба интиқолдиҳанда ё агенте, ки ҷиҳати иҷораи ҳавопаймои хусусӣ кӯмак мерасонад, дода метавонанд.

 

Полиси марбутаи суғуртавиро бихаред

Дар ҳолатҳои фавқулодда, барои интиқоли тиббӣ тавассути ёрии таъҷилии авиатсионӣ то ба муассисаи муолиҷавии наздиктарин, ба шумо, эҳтимолан, зарур мешавад, ки ҳазорҳо долларро пардохт намоед. Албатта, интиқоли авиатсионии беморон – ҷараёни гарон аст ва он на ҳама вақт бо полиси суғуртавӣ подош шуда метавонад. Вақте, ки ҳолати монандӣ ба вуҷуд меояд, шумо аниқтараш ба воҳима гирифтор шуда, фавран қарор карда наметавонед, ки барои кӯмак ба куҷо муроҷиат кунед

Авиаперелеты для диабетиков: рекомендации и обязательные требования

Илоҷ яктост: дар анамнез чунин диагнози ҷиддиро ба мисли касалии қанд дошта ва онро дониста, ки парвозҳои авиатсионии бисёри шумо дар назаранд, бештар аст, ки масъаларо дар бораи харидани полиси суғуртавии тиббӣ муҳокима намоед, то ки он интиқоли ҳавопаймоии беморонро подош мегардонад. Тариқаи алтернативӣ –  барномаи ширкати нақлиётиеро, ки бо репатриатсияи тиббӣ машғул мебошад, аъзо шудан.

Агар шумо нисбати кору хизматрасонии авиатсияи тиббӣ боз саволу шубҳа дошта бошед, ба ширкати Cofrance SARL (TM AVIAV) муроҷиат кунед, ки мутахассисони он интихоб кардани чунин барномаеро, ки ба таври оптималӣ ба эҳтиёҷоти шумо мутобиқ бошад, кӯмак мерасонанд.

Шошина Олга