Авиатсияи шахсӣ дар Русия 2018, оё тағӣиротҳои мусбӣ ба назар мерасанд?

Поиск и аренда частных самолетов

Мусоҳибаи директори ширкати пешсафи аврупоии авиаброкерии AVIAV TM (Cofrance SARL) Виталий Архангелский оиди хусусияти мавҷудият ва инкишофи авиатсияи шахсӣ дар Русия ва дар ҷаҳон. Ҷамъбасти солонаи натиҷаҳои фаъолияти ширкат.

itogi 1 - Авиатсияи шахсӣ дар Русия 2018, оё тағӣиротҳои мусбӣ ба назар мерасанд?

Бозори авиатсияи тиҷоратии Русия дар давраи душвор қарор дорад. Дар бораи эҳтимолияти барқарорсозии талабот нисбати парвозҳои шахсӣ ва ҳолати рейсҳои индивидуалӣ дар Аврупо директори маркази пешсафи фаронсавии авиатсияи тиҷоратӣ AVIAV TM (Cofrance SARL) Виталий Архангелский нақл кард.

– Виталий Дмитриевич, соли 2018 барои ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) чӣ гуна буд? Дар ҷаҳони авиатсияи тиҷоратӣ чӣ тағӣиротҳо ба назар мерасиданд? Декабр – вақти ҷамъбасти натиҷаҳои солона аст…

– Сол шиддатнок, бо каме аҷубаҳо ва дастовардҳои муайян буд. Агар дар бораи кори AVIAV TM (Cofrance SARL) сухан ронем, ҳамааш тахминан тибқи нақша гузаштааст.

– Дуруст аст, ки соли ҷорӣ дар Русия талабот нисбати парвозҳои шахсӣ ҷиддан коҳиш ёфтааст?

– Ҷиддан? Тамоман не. Агар дар бораи Русия гӯем, он аллакай панҷ сол боз мунтазам паст шуда истодааст. Масъалан, дар ИМА талабот зиёд мешавад. Дар Аврупо дар сатҳи пештара қарор дорад. Дар кишварҳои ИДМ – гуногун. Мо аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбайҷон, Қирғизистон, баъзе дигар давлатҳо умед доштем. Дар Ӯзбекистону Озарбойҷон нисбати авиатсияи тиҷоратӣ ҳавасмандӣ афзуда истодааст. Дар Русия мо мизоҷони зиёдеро дорем, вале ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) дар тамоми ҷаҳон кору фаъолият дорад.

– Магар гузаронидани Чемпионати ҷаҳонӣ оид ба футбол дар Русия ба бозори авиатсияи тиҷоратӣ таъсир накард?

– Албатта, таъсиир кард. Айнан, дар бораи ин гуфтанӣ будам. Дар давраи гузаронидани Чемпионат шумораи рейсҳои шахсӣ ба Русия назаррас зиёд шуда буд. Мо низ аз як қатор кишварҳо фармоишҳоро доштем. Чунин воқеъа шавқу ҳаваси ҷомеаро наоварда наметавонист. Новобаста аз он, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ шумораи чартерҳои одатиро зиёд карданд, бисёриҳо тариқи джетҳои тиҷоратӣ ба чемпионат омаданро хоҳиш карда буданд.

– Ва ғайр аз Чемпионат? Гуфтан мумкин, ки бозори авиатсияи тиҷоратӣ дар Русия дар ҳолати бӯҳрон қарор дорад?

– Мо ба вазъияти қарордошта бо умед назар мекунем. Албатта, ҳолати бетаровати сиёсӣ ва иқтисодӣ ба бозори авиатсияи тиҷоратӣ таъсири манфӣ мерасонад. Вале, қайд карданиам, ки соли ҷорӣ нисбат ба чандин солҳои сипаригашта бештар буд ва на танҳо аз сабаби мундиал. Масъалан, моҳи сентябр дар Владивосток Форуми иқтисодӣ баргузор гардида буд, ки бисёр иштирокчиёни он тариқи рейсҳои индивидуалӣ ба он ҷо рафта буданд. Дар Русия ва дар хориҷӣ дигар ҳодисаҳои муҳим низ ҷой доштаанд, ки онҳоро соҳибкорони калон ё мизоҷони VIP-и мо бояд ташриф меоварданд. Одатан, афзоиши ҷиддии ҳавасмандӣ нисбати авиатсияи тиҷоратӣ маҳз дар давраи чунин чорабиниҳои аҳамиятдошта мушоҳид мешавад. Умед дорем, ки ин сол соли тақдирсоз мешавад ва дар солҳои минбаъда дар сектори мазкур инкишофи каме бошад ҳам назар мекунем.

– Умедвории некбинонаи мазкур бо чӣ вобаста аст?

– Бо тенденсияи умумӣ. Чӣ тавре дар боло иброз дошта будам, дар соли ҷорӣ пас аз таназзули дарозмуддат, бидуни назардошти Чемпинати ҷаҳонӣ оид ба футбол, афзоиши фармоишҳо ба парвозҳои шахсӣ мушоҳида шуд. Ивазшавии бартариҳо ба назар мерасад: агар пеш фармоишгарони Русия асосан ба хориҷи кишвар парвоз мекарданд, акнун аксарият чартерҳои пӯшида, ба рейсҳои дохилӣ, махсусан дар самтҳое, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ намекунанд, рост меоянд.

Эҳтимолан, вазъияти иқтисодии ногувор ба тарафи бештаршавӣ низ тағӣир меёбад, ба ҳар ҳол аз ин умедворем. Тамоми давраи фаъолияти ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL), ки тахминан даҳ солро дарбар мегирад, мо маҳз бо мизоҷони Русия бисёр кор мекардем. Чандин солҳои гузашта, бе назардошти соли ҷорӣ, на барои фармоишгарон ва на барои мо на он қадар бомувафаққият буданд. Вале вазъият, суст бошад ҳам, вале беҳтар шуда истодааст, шумораи рейсҳои индивидуалӣ зиёд мешавад ва ақидаи объективӣ вуҷуд дорад, ки чунин падида давом медиҳад.

itogi 2 - Авиатсияи шахсӣ дар Русия 2018, оё тағӣиротҳои мусбӣ ба назар мерасанд?

– Шумо гуфтаед, ки дар Русия ҷуғрофии парвозҳои авиатсияи шахсӣ тағӣир ёфтааст? Ягон тағӣиротҳои дигар мавҷуданд?

– Ин тағӣироти асосию принсипиалӣ мебошад. Имрӯз қариб ними фармоишгарони Русия дар дохили кишвар парвоз мекунанд. Пеш чунин набуд. Боз – самти Хитой фаъолона инкишоф шуда истодааст. Агар панҷ сол пеш аксарияти рейсҳои шахсӣ ба Аврупо, маҳз ба пойтахтҳои калон, масъалан ба Лондон ё Порис, рост меомаданд, имрӯз бисёр ҳавопаймоҳо ба Тянсзинь, Чунсин, Гуанҷоу, Шенҷен, Шанхой парвоз мекунанд… Тенденсияи коҳишшавии парвозҳо барои мақсадҳои шахсӣ (хотиррасон мекунам, ки мо дар бораи Русия сухан мекунем) мушоҳида мешавад. Имрӯз саёҳати оилавӣ ё арӯсу домодӣ – дар бозори Русия хеле нодиранд. Панҷ-ҳафт сол пеш чунин фармоишҳо ба дараҷае зиёд буданд. Айни ҳол танҳо шахсони корчалон, директорон ё кормандони ширкатҳои номдор, ходимони калони ҷамъиятӣ парвоз мекунанд. Вале дар ИМА ё Аврупо чунин падида вуҷуд надорад: таносуби рейсҳои тиҷоратию шахсӣ амалан тағӣир намеёбад.

Смотрите также:  Lufthansa предлагает "космическое меню" на борту

– Чӣ тавре, ки ман медонам, ширкати Шумо бо авиатсияи хурд низ сарукор дорад. Дар чунин самт натиҷаҳоии шумо дар соли ҷорӣ чӣ гуна буданд?

– Олиҷаноб, вале фақат дар Русия не. Маҳз дар самти авиатсияи сабук дар ин ҷо ҳолати хеле ногувор ба назар мерасад. Имрӯз барои инкишофи он ягон умед вуҷуд надорад ва сабаби ин аз қонунгузории авиатсионӣ сарчашма мегирад. Ҳавопаймоҳои хурд танҳо қисми ночизи потенсиали хешро истифода мекунанд. Дар Аврупо ё ИМА тамоман дигар вазъият мушоҳида мешавад. Одамон «ҳавопаймоҳои-конструктор»-ро мехаранд, баъзеҳо онҳоро ҳатто васл мекунанд, дар гараҷҳо нигоҳ медоранд ва амалан ба куҷое, ки хоҳиш доранд, парвоз мекунанд. «Таксии ҳавоӣ» байни шаҳрҳои наздик, таҳвилҳои гуногуншакл, саёҳатҳои ҳавоӣ ва бисёри дигар талаботи хеле калонро дорад

Дар Русия амалан ҳама чиз манъ карда шудаст! Парвозҳои маҳдудшудаи мушоҳидавӣ, омӯзиши локалӣ дар аэроклубҳо иҷозат дода шудаанд, вале то рухсатиҳои ҳаргунаро ба даст меоварӣ – аллакай хоҳиши парвозкунӣ тамоман аз байн меравад. Мусофиркашониро тариқи чархболҳо боз ҳамон ширкатҳои ҳавопаймоӣ пешниҳод мекунанд: ин рейсҳои стандартие бидуни лавозиматҳою муносибати индивидуалӣ мебошанд, ки хеле гаронанд, зеро рақобат вуҷуд надорад. Ва барои парвози шахсӣ ҳазорҳо иҷозатҳои гуногун зарур мебошанд, ки онҳоро ҳоло метавонанд надиҳанд.

– Чаро чунин ногувор аст?

– Ҳамон карахтии иқтисодиёт аст. Боз, мумкин, хукумат хавотир аст, ки агар тартиботаашро осон гардонанд, ҳамаи шахсони тасодуфан парвоз мекунанд ва садамаҳои авиатсионӣ зиёд мешаванд. Мутаассифона, чунин сектори фоидаовар кор намекунад. Одамон пули хубро кор карда метавонистанд. Дар Аврупо чунин ҳам аст, вале дар Русия авиатсияи хурд гӯё умуман вуҷуд надорад. Фикр намекунам, ки дар наздикӣ вазъият тағӣир меёбад. Набошад, мо бо хурсандӣ ҳавопаймоҳаи сабукеро, мисли Фаронса пешниҳод мекардем, аммо дар ин ҷо ҳамааш хеле душвортар мебошад.

– Бинобар ин, дар Аврупо шумо фармоишҳои зиёдеро доред?

– Албатта! Ҳавопаймоҳои сабук, масъалан, дар Испания, Итолиё, Олмон хеле машҳур мебошанд. Дар Фаронса чархболҳоро меписанданд: минҷумла, саёҳатҳо, таксии ҳавоии байнишаҳрӣ ё парвозҳо ба осоишгоҳҳои лижанавардии кӯҳӣ. Баъзан, чархболҳо барои ба болои яхтаҳои дорои майдончаи махсус фуруд овардан истифода карда мешаванд. Умуман, дар Аврупои мо барои киштиҳои ҳавоии сабук ҳамаи роҳҳо кушоданд. Шумораи ширкатҳое, ки бо авиатсияи тиҷоратӣ машғул мебошанд, зиёданд ва аз ин ҳисоб рақобати солим ба вуҷуд меояд, сифати хизматрасониҳо баланд мегардад ва нарх барои «аҳолии одмиёна» дастрас мешавад.

Ва бубинед, ки ягон воқеъаҳои нохӯш ва садамаҳо ба назар намерасанд. Ҳамаи қонунҳои авиатсионӣ қатъиян риоя карда мешаванд. Ақида мекунам, ки дар Русия низ касе намехоҳад, ки ҳаётаашро ба хатар андозад ё барои чунин вайронкуниҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад. Инкишофи авиатсияи хурд барои соҳибкорони Русия хеле манфиатдор аст. Фармоиши ҳавопаймои сабук ё чархбол нисбат ба ҳавопаймои миёнамагистралӣ ба дараҷае арзон мебошад, вале онхо вазифаҳои гуногунро иҷро карда метавонанд: мусофиркашонӣ, назорати корхонаҳо, боркашонӣ, лекин дар баробари ин, аз касе мутеъ нест: лозим шавад, занг мезанад ва мисли тавассути такси сафар мекунад.

– Бигӯед, дар ҷодаи фурӯши ҳавопаймоҳои шахсӣ дар Русия ҳолат чӣ тавр аст? Бо фурӯш Шумо низ машғул мешавед?

– Машғул ҳастем. Вале, дар Русия ҳавопаймоҳои шахсиро кам мехаранд. Ва ҳама амалан навъҳои истифодашударо мегиранд. Аммо, имрӯз дар бозор бисёр пешниҳодҳои фоидаовар мушоҳида мешаванд: дар инҷо пешниҳодҳо аз талабот зиёд мебошанд, аз ин сабаб джетҳои навро фармоиш додан ғайриманфиатнок дониста мешавад.

Киштиҳои ҳавоиро асосан корхонаҳои калон мехаранд, пас ширкати идоракунандаро киро мекунанд ва онҳоро ба иҷора месупоранд, ин амал ҷиҳати подоши хароҷотҳо барои истифодабарӣ имконияте медиҳад. Аз лиҳози он, ки асосан кормандон парвоз мекунанд, соҳибмулкон зимни харидани киштиҳо нисбати холати онҳо сахт ташвиш намекашанд, асосаш – хислатҳои парвозӣ хуб дошта бошанд, ҳавопаймо боэътимоду бехатар бошад ва оиди он, ки кишти нав нест, касе парвое надорад.

Смотрите также:  {:ru}Вертолет Bell-525 наконец-то пошел в серию{:}{:ua}Вертоліт Bell-525 нарешті пішов у серію{:}

– Ва дар Аврупо ҳолат чӣ гуна аст?

– Монандӣ дорад, вале дар ин ҷо фурӯхтаниҳо ба дараҷае зиёданд. Аз сабабҳои монандбуда – асосан ҳавопаймоҳое, ки аллакай таърихи парвозиро доранд, мехаранд. Доир ба киштиҳои нав, вақтҳои охир тенденсия пурзӯр гардидааст, ки онҳо аз «сифр» тибқи фармоиши индивидуалӣ созмон дода мешаванд. Маҳз дар соли ҷорӣ шумораи чунин зангҳо аз мизоҷон назаррас зиёд шуд, эҳтимолан бозори мазкур тараққиёти ҷиддиро мебинад.

– Чаро? Охир ин, шояд дурудароз ва гарон мебошад?

– Дурудароз – бале. Аммо, вобаста ба нарх, ҳатто фоида овардан мумкин, агар ба коргоҳи авиатсионӣ, масъалан, навъи кӯҳан вуҷуддоштаи Bombardier Challenger-ро фармоиш диҳед. Технологияҳо зуд инкишоф меёбанд, масолеҳи камхарҷ бароварда мешавад. Ҳангоми таҳияи джети оянда хислатҳои экологиаш ба назар гирифта мешавад, зеро сол ба сол барои овардани зарар нисбати муҳити зист ҷаримаҳои калон баста мешаванд. Лоиҳакашӣ ва бунёди ҳавопаймоҳо осон мешаванд, махсусан вақте, ки дар бораи киштиҳои ҳавоии хурд сухан меравад.

Ғайр аз он, барои соҳибмулки оянда муҳим аст, ки ҳавопаймо барои ӯ ба таври индивидуалӣ бо назардошти ҳамаи хоҳишҳояш сохта шавад. Ва системаҳои бехатарие, ки ҳар рӯз нав ба нав мешаванд, бояд муосиртарин бошанд. Бинобар ин, лоиҳаи «аз сифр» нисбат ба тариқаи нав бештариҳои зиёдеро дорад. Хароҷотҳои муваққатӣ низ калон нестанд, зеро истеҳсолкунандагони номдор фармоишҳоро чанд сол пеш ба нақша мегиранд. Ва тариқаи аз ҳама тез – ин, албатта, харидани ҳавопаймои истифодашуда мебошад – дар Аврупо ё Амрикои Шимолӣ он ҳам хеле машҳур аст.

itogi 3 - Авиатсияи шахсӣ дар Русия 2018, оё тағӣиротҳои мусбӣ ба назар мерасанд?

-Дар бораи Русия шумо боз чӣ гуфта метавонед? Барои инкишофи босуръати авиатсияи тиҷоратӣ, ба ғайр аз карахтии иқтисод ё хусусиятҳои қонунгузории авиатсионӣ чӣ монеа мекунад?

– Ин омилҳои асосӣ мебошанд. Вале, ман боз ба фурудгоҳҳо таваҷҷӯҳ медодам. Шахсони корчалон ҳарзамон роҳҳои ғайристандартиро ҷустуҷӯ мекунанд, ба онҳо фурудгоҳҳо дар ҷойҳое лозиманд, ки дар он ҷо мавҷуд нестанд. Дар Русия бисёр фурудгоҳҳои фарсудаи ногувор қарор доранд.

Чунин мавҳум мисли фурудгоҳи ҳавопаймоҳои шахсӣ умуман нест ва, эҳтимолан, ҳаргиз пайдо намешавад. Ҳатто бандарҳои амалкунанда минимуми лозимиро барои хизматрасонии ҳавопаймоҳо: марказҳои хизматрасонӣ, маҷмаъҳои таъминоти сӯзишворӣ, қариб ки надоранд. Ва шумораи худи бандарҳои ҳавоӣ, барои пайдоиши хатсайрҳои барзиёд, нокифоя мебошад. Масъалан, дар ИМА – 15 ҳазор фурудгоҳҳо, дар Бразилия – 4 ҳазор ва дар Русия – каме зиёд аз ҳазор вуҷуд доранд. Гуфтан мумкин, ки шумораш зиёд аст, вале нисфаш истифода карда намешавад ва мӯҳтоҷи таҷдиди куллӣ мебошад. Зимнан, ин яке аз сабабҳои инкишофи сусти авиатсияи хурд мебошад. Наход, ҳавопаймоҳои сабук ба Домодедово бояд фароянд.

– Ба ширкати шумо бармегардем. Соли ҷорӣ чӣ хотираҳоро бахшид?

– Дастоварди асосии мо, ки ба моҳи ноябри соли 2018 рост омад, – ин дохилшавӣ ба узвияти ташкилоти Wyvern Ltd мебошад, ки чун пешсафи соҳаи аудити авиатсияи тиҷоратӣ эътироф шудааст. Дар ин ҷода, мо на танҳо дар Фаронса, балки дар Иттиҳодияи Аврупо аввалин мебошем, ки чунин узвияти бонуфӯзро ба даст овардаем. Зеро ҳамкорӣ бо ВИВЕРН маънои риояи стандартҳои баланди Wingman-ро дорад ва ба мизоҷони шумо парвозҳои бехатарро кафолат медиҳад.

Ғайр аз ин, системаи беназири мо оид ба ҷустуҷӯ ва интихоби ҳавопаймо ба таври онлайн то ҳол фаъолона амал карда истодааст, ва ба туфайли он мизоҷ мустақилона навъро интихоб ва рейсро тавассути сомонаи мо брон карда метавонад. Барои фармоишгарони имрӯза бисёр муҳим аст, ки ҳамаи воситаҳои иттилоотии муосир таги дасташон бошанд ва ба онҳо чунин имкониятро медиҳем: созиши иҷораи джети тиҷоратӣ ба пуррагӣ шаффоф мегардад. Шумораи фармоишҳои «мустақил» зиёд мегардад. Дигар сервисҳои интернетии манфиатдор низ мавҷуданд, дар портали мо ба осонӣ назорат кардан мумкин, ки айни ҳол ҳавопаймои зарурӣ дар куҷо, дар кадом нуқтаи хатсайр қарор дорад. Ё ба тезӣ санҷидан мумкин, ки дар хатсайри лозимӣ ҳавопаймоҳои Empty Legs вуҷуд доранд ё не.

Ҳамчунин, ширкати мо AVIAV TM (Cofrance SARL) ба сифати пешсафи мусофиркашонии тиббӣ мондааст…

– Ин вақте, ки ба бемор ҳавопаймои махсус дорои палатаи касалхона дар канор пешниҳод мешавад?

– Бале, дуруст. Дар соли ҷорӣ дар сектори мазкур тенденсияи коҳиш гардидани фармоишҳои хизматрасониҳои «то ба калид»-и мо мушоҳида мешуд. «То ба калид» – яъне, вақте, ки масъалан, мо на танҳо ҳавопаймои заруриро пайдо мекунем, балки тамоми ҷараёни муолиҷаро ташкил мекунем: бо клиника шартнома мебандем, пурра трансферро, минҷумла, тавассути нақлиёти рӯизаминӣ, иҷро мекунем, манзили истиқоматиро барои барқароршавӣ ба иҷора мегирем, ҳайати хизматкунандаро киро мекунем. Бисёри вақт, чунин тариқаро занҳое, ки барои зоиш ба хориҷӣ меоянд, истифода мебаранд.

Смотрите также:  Самолет авиакомпании «Аврора» задел крылом столб

Ин сол таҳвили тиббиро аз мо асосан дар дохили Аврупо фармоиш медоданд ва сухан танҳо дар бораи пешниҳоди киштиҳои ҳавоӣ ва ҳайати тиббӣ дар канор мерафту бас. Инро шарҳ додан мумкин: шаҳрванди хориҷӣ дар кишвари бегона худро гум мекунад, ба ӯ доир ба ҳар савол ёрдамчӣ лозимаст, вале сокинони маҳаллӣ чунин мушкилиҳоро намекашанд.
Ҳамчунин, дар соли ҷорӣ мо нақша доштем, ки ба инкишофи авиатсияи боркаш ва хизматрасониҳои таҳвилӣ таваҷҷӯҳи махсусро диҳем. Бо ин мо машғул будем ва як чанд шартномаҳои бомувафаққиятро баста будем ва кӯшиш дорем, ки дар самти мазкур минбаъд ҳам фаъолона корбарӣ намоем. Таҳвили ҳавоии амвол, ғизо, молҳо, ҳуҷҷатҳо дар ҳар давраҳо ва ҳар мамлакатҳо талабот дошт. Вазифаи мо – нисбат ба ширкатҳои дигар ба мизоҷон пешниҳод кардани шартҳои фоидаовартарини ҳамкорӣ мебошад. Ва баъзан, фақат зарур аст, ки маълумот дар бораи фаъолияти AVIAV TM (Cofrance SARL) дар самти мазкур расонида шавад, зеро авиатсияи тиҷоратӣ байни ҷомеа қатъиян бо рейсҳои мусофиркашонӣ дар шароити махсусан бароҳат ассотсиатсия мешавад.

– Дар ҳақиқат, ҳавопаймоҳои боркаш одатан калонҳаҷм ба назар мерасанд …

– Аммо, на ҳама вақт барои таҳвили амвол киштиҳои ҳавоии калон заруранд. Дар бисёр ҳолатҳо, джети стандартие, ки мусофирро мекашонад, кифоя мебошад. Фақат дар даруни он шароити махсус таъмин карда мешавад, то ин ки молҳо, ғизо ё, масъалан, ҳайвонот дар вазъияти ба онҳо форам қарор дошта бошанд.

– Дар соли ҷорӣ чизе буд, ки Шуморо сахт ба тааҷҷуб даровардааст?

– Сахт – не, вале баланд гаштани талабот нисбати саёҳати омехташуда барои ман аҷуба буд. Ин вақте, ки мо на танҳо ҳавопайморо пешниҳод мекунем, балки трансфери мураккаберо пешниҳод мекунем: масъалан, фармоишгар тавассути ҳавопаймо ба Нисса меояд, аз он ҷо ӯро чархбол қабул карда, ба болои яхта бурда мерасонад, яхта ба сохили Сардиния сафар мекунад, дар онҷо мизоҷро лимузин интизор аст, баъдан боз яхта – ба тарафи Кофра ва дар он ҷо ба ӯ ногаҳон мотосикл ва аспҳо бо фойтун лозим мешаванд… Ҳавасмандони чунин саёҳатҳои мураккаб пайдо шудаанд ва шумораи онҳо зиёд аз ақидаамон мушоҳида шуд. Дар ҳақиқат ташкил кардани чунин трансфери «бисёрзинавӣ» бисёр мушкил аст, зеро мизоҷон – шахсони хеле давлатманданд ва онҳо талаб мекунанд, ки ҳамааш олиҷаноб бошад, ва онҳо бояд ҳатто як дақиқа ҳам аз чизе интизор нашаванд. Вазъиятро мавҷуд набудани роҳҳои тайёр душвортар мегардонад: ҳар як ҳолат беназир аст. Вале, аз ӯҳдаи кор баромада истодаем.

– Барои соли оянда шумо аллакай нақшаҳое доред?

– Албатта, нақшаҳо зиёданд. Имкониятҳои авиатсияи тиҷоратӣ бемаҳдуд мебошанд, ин ақидаро ба мизоҷони мо расонидан ва хизматрасониҳоро дастрас кардан зарур аст. Дар лоиҳа – созмон додани интернет-сервисҳои нав, пешниҳодҳои аҷиби рақобатпазир, кушодани офисҳои иловагӣ, бунёди системаи автоматикии таҳфифҳо дар назаранд. Ҳамчунин, барои мо муҳим аст, ки лоиҳаҳои оғозшударо бо мувафаққият ба итмом расонида шаванд, созишҳои нав баста шаванд, ба мизоҷони амалкунанда дастгирии босифат расонида шавад, ҳамаи самтҳои асосӣ пеш бурда, инкишоф дода шаванд. Ҳамаи ин корбарии бузург аст, ки ба ҳар як ширкати устувор ва инкишофёфтаистода хос мебошад.

itogi 4 - Авиатсияи шахсӣ дар Русия 2018, оё тағӣиротҳои мусбӣ ба назар мерасанд?
– Пеш бурдани хизматрасониҳои авиатсияи тиҷоратиро дар Русия давом медиҳед ё давраҳои муносибро интизор мешавед?

– Албатта мекунем. Русия яке аз самтҳои афзалиятноки мо буд ва хоҳад монд. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳавопаймоҳои шахсӣ зиёд дастрас шаванд ва ба соҳибкорон, ходимони илмию ҷамъиятии Русия барои иҷроиши вазифаҳои воқеъиян ҳам муҳим кӯмак расонанд.

Сӯҳбатро рӯзноманигори мустақил Николай Данилов гузаронид.