Empty leg чӣ мебошад ё тамоми ҳақиқат дар бораи рейсҳои гузаронидании ҳавопаймоҳои хусусӣ

Вақте, ки дар бораи ҳавопаймоҳои хусусӣ сухан равад, шумо эҳтимолан истилоҳи «empty leg»-ро шунида, вале дар бораи маънои он мумкин хабар надошта бошед? Рейсҳои мазкур ҳамчунин чун «парвозҳои холӣ», «рейсҳои бебор», «репозитсионикуни», «рӯҳҳои мурда» – ҳамаи ин истилоҳҳо тавсифи мухтасари рейсҳои гузарониданӣ мебошанд, ки дар ин ҳолатҳо ҳавопаймои хусусӣ рейси худро иҷро карда, ба фурудгоҳи қарордории доимӣ бармегардад ё ин ки ба хотири мизоҷи навбатӣ ҳаракат мекунад.

Рейсҳои кӯтоҳмӯҳлати гузарониданӣ дар натиҷаи интиқол додани киштӣ байни ду шаҳрҳои наздик ё ҳатто байни ду фурудгоҳҳои гуногуни як шаҳр ба вуҷуд меоянд.

Чаро рейси гузарониданӣ нисбат ба иҷораи ҳавопаймои хусусӣ арзонтар аст?

Рейсҳои гузаронидани, одатан, бо таҳфиф пешниҳод карда мешаванд, зеро интиқолкунанда дар ҳар ҳолат манфиатдор аст, ки киштӣ ба фурудгоҳи қарордории доимӣ баргардад. Ҳамин тавр, мусофироне, ки барои парвоз пардохт мекунанд, нисбат ба ҳолати мавҷуд набудани ҳам мусофирон ва ҳам пардохт, хеле авлотаранд. Маблағи камтар бошад ҳам, аз набудани маблағ хубтар аст. Ҳамин тавр нест? Бисёр операторони чартерӣ бо ин розӣ мебошанд.

Что такое Empty leg, или Вся правда о перегонных рейсах частных самолетов

Нархи иҷораи рейси гузарониданӣ чанд аст?

Ҳарзамон дар бозори авиатсияи хусусӣ пешниҳодҳо пайдо мешаванд, ки таҳфифҳои то ба 80%-ро нисбат ба нархи стандартии чартер пешкаш менамоянд. Агар ин хароҷотҳоро ба гурӯҳҳои сайёҳон тақсим кунед, нархи парвоз бо нархи чиптаи рейси ширкати ҳавопаймоии тиҷоратӣ мутобиқ мешавад. Нархи воқеъӣ аз навъи ҳавопаймо, оператори дақиқ ва хатсайри алоҳида вобаста аст.

 «Монеаҳои ноаён» ва таваккалҳо зимни парвоз тавассути рейси гузарониданӣ чӣ гуна ҳастанд?

Иҷораи ҳавопаймои хусусӣ – роҳи писандидатарини шахсони давлатманду маъруф аст, ба шахсони оддие, ки дахлдор шуданро ба тарзи зиндагии ситораҳо хоҳиш доранд, рейсҳои гузарониданӣ боқӣ мемонанд. Барои ҳақиқат буданаш, бисёр хуб ба гӯш мерасад, ҳамин тавр нест? Аввалан назар кунед, агар рейси холиро истифода бурдан – ин роҳи беҳтарини чашидани тарафаи ақиби ҳаёт аст, вале кадом хатарҳо шуморо интизор шуда метавонанд? Ба кадом ҳолатҳо шумо бояд омода бошед?

  1. Хатсайрҳо

Рейси гузарониданиро дар хатсайри машҳур, ба мисли аз Лондон ба Порис, бо фасеҳии ночиз доир ба санаҳои парвоз, пайдо кардан нисбатан осон аст. Вале, агар шумо хоҳиш доред, ки аз Бирмингем (Британияи Кабир) ба Энкхёйзени Ҳолланд дар санаи дақиқи муқарраршуда парвоз кунед, ин вазифа хеле мушкил мебошад.

  1. Хатсайри фасеҳи саёҳат

Рейси гузарониданӣ – ин як қисми рейси амалкунандаи мунтазамӣ аст ва ин далел он маъноеро дорад, ки бархилофи чартери стандартии тибқи дархост, ба шумо зарур аст ба даруни слоти вақтии ҷудогардида тасвир шавед, зеро дигар илоҷ нест. Ҳамин тавр, ба шумо фасеҳии муайяни нақшаҳо зарур мешавад.

  1. Бекоркунӣ

Рейси гузарониданӣ одатан дар он вақт пайдо мегардад, ки киштии ҳавоӣ дар ҳолати холӣ ба ҷои қарордорӣ бармегардад ё ба хотири гирифтани мусофирони парвози навбатӣ ба ҷои дигар ҳаракат мекунад. Ҳамин тавр, шумо нисбати ҷадвали чартери асосӣ мутеъ буда, ба вақти иҷораи ҳавопаймои хусусии минбаъда вобаста мебошед. Яъне, ин ҳолат он маъноеро дорад, ки шумо куллан тахти итоати дигар мусофироне, ки тарофаи пурраро пардохт намудаанд, қарор доред. Ва агар иҷорагирандаи асосӣ дар дақиқаи охирин қарор мекунад, ки хатсайрро тағӣир диҳад, шумо маҷбур мешавед, ки ба навбати назди пештахтаи бақайдгирии рейси EasyJet ё дигар лоукостер ворид шавед ва баъд аз фурудоӣ рӯи сурхи хешро бо кулоҳ руст кунед, то ки аз бари дӯстоне, ки шуморо дар терминали ҳавопаймоҳои хусусӣ бояд пешвоз мегирифтанд, номаълум гузаред. Маҳз аз ин сабаб, операторони чартерӣ тавсия медиҳанд, ки аз рейсҳои гузарониданӣ танҳо дар он сурат истифода баред, ки ҷадвали кории шумо фасеҳ мебошад ва ҳаргиз зимни сафарҳои муҳими корӣ ба Empty Legs  боварӣ накунед.

Что такое Empty leg, или Вся правда о перегонных рейсах частных самолетов

Рейси гузарониданиро чӣ тавр пайдо хоҳад кард?

Чустуҷӯи рейси холӣ ягон мушкилие надорад ва эҳтимолияти пайдо кардани хатсайри муносиб хеле баланд аст. Дар асл, ҳар рӯз дар тамоми ҷаҳон опсияи мазкурро ҳазорҳо нафарон истифода мебаранд ва шумо метавонед аз ҷумлаи онҳо шавед. Ҷиҳати пайдо кардани рейси гузаронидании беҳтарин бо мутахассисони ширкати Cofrance SARL (TM AVIAV) тамос кунед, ки онҳо ҷиҳати ташкил намудани парвоз амалан дар ҳар хатсайр: аз Аруба то ба Зимбабве кӯмак мерасонанд. Фаромӯш накунед, ки ҳавопаймоҳои хусусӣ одатан аз фурудгоҳҳои хурде, ки ба деҳаҳои маскун нисбатан наздиктар ҷойгиранд, истифода мебаранд. Ҳамин тавр, ба ғайр аз омили назарраси сарфаи вақт (имконияти 15 дақиқа пеш аз парвоз ба фурудгоҳ ҳозир шудан ва масофати камтари роҳ гаштан то ба нуқтаи ниҳоии муқаррарӣ) дар ҳамбастагӣ бо тарофаҳои паст, шумо, мисли пештара, хизматрасонии VIP–ро бо шампан бидуни навбатиҳои хастакунанда ва санҷиши безоркунандаи бехатарӣ метавонед талаб кунед.

Дар маҷмӯъ бо рейсҳои тиҷоратӣ ва дигар намудҳои нақлиёт ин роҳи олиҷаноби рангоранг гардонидани таҷрибаи хеши саёҳат шуда метавонад.

 

Агар шумо сафарро ба нақша гирифтаед – новобаста аз он, ки ин рухсатӣ ё сафари корӣ мебошад – метавонед аз сервиси олиҷаноб бо нархи дастрас манфиатдор бошед, ва ин маҳз афзалиятҳои рейсҳои гузарониданӣ ҳастанд. Bon voyage!

Шошина Олга