Охири Sukhoi Superjet 100 ё давоми мубориза бар зидди яқинӣ?

Поиск и аренда частных самолетов

Пас аз фурудоии садамавии ғайриқаноатбахши Sukhoi Superjet 100 дар рӯзи якшанбе, ки дар натиҷаи он 41 нафар ба ҳалокат расидаанд, касе аз истифодабарандагони ҳавоаймоҳои мазкур ҷуръат накарданд, ки истифодаи онҳоро боздошт намоянд ва ширкати Аэрофлот, ки соҳиби ҳавопаймои бадбахт буд, ба қурбониҳо ва оилаҳои ҳалокшудагон пардохт намудани маблағи иловагии талоф омодааст. Маълум аст, ки шахсони масъул хоҳиш доранд, ки ҳамаашро дар бораи ҳодиса тезтар аз ёд бароранд. Лекин, масъала дар он аст, ки оё ин тадбирҳою кӯшишҳо ягон тағӣиротро ба вуҷуд оварда метавонанд ё не.
suchojssj100 - Охири Sukhoi Superjet 100 ё давоми мубориза бар зидди яқинӣ?SSJ100 ҷиҳати барқарор сохтани шӯҳрати пештараи ИҶШС умеди Кремл буд, зеро дар он давраҳо навъҳое, ки дар бюроҳои конструктории Илюшин, Микоян ва Гуревич, Туполев ва Сухой эҷода гардида буданд, дониши техникии шӯравиро дар тамоми ҷаҳон маъруф кардаанд. Дар охири солҳои 1980-ӯм дар саноати аэрокайҳонӣ тахминан 2 миллион нафар кор мекарданд ва ҳавопаймоҳои граждании «истеҳсолоти ИҶШС» дар як сол ба миқдори 150 адад бароварда мешуданд. Ин рақам нисбат ба шумораи умумии SSJ100, ки аз соли 2011 ба кулли истифодабарандагон пешкаш гардида буданд, тахминан баробар мебошад.

«Суперҷет» аввалин конструксияи граждание буд, ки пас аз барҳам шудани Иттиҳодияи Шӯравӣ барпо гардидааст ва ҳукумати имрӯзаи Россия аз рӯи гуфтаҳояш хеле манфиатдор буд, ки ин тадбир оғози ҷараёни барқароршавии иқтидори саноати авиатсионии маҳалӣ гардад. Ҳукумат ба коргоҳ кӯмак расонида истода, маблағгузорӣ мекард ва ҷиҳати фурӯши он дар бозори дохилӣ чораҳои гуногуни ҳавасмандкуниро андешида буд. Пешбинӣ шуда буд, ки то ба соли 2024 ҳамагӣ 800 адад SSJ100, минҷумла 500 адад – берун аз марзи Россия фурӯхта мешавад.

SSJ100 1 - Охири Sukhoi Superjet 100 ё давоми мубориза бар зидди яқинӣ?

Чизе рӯй надодааст, россиянҳо, чизе рӯй надодааст!

ВҲФ Россия пас аз садама иброз дошт, ки барои дар болои замин боздоштани ду адад суперҷетҳои хеш чунин нақшаҳо вуҷуд надоранд. Интиқолкунандагони ҳавопаймоӣ чораҷӯии ҳукуматро интизор мешуданд. Аэрофлоте, ки интиқолкунандаи ҳавопаймоии калонтарини кишвар ба ҳисоб меравад ва дар дохили парки худ 50 адад мошинаҳои шакли мазкурро дорад, ҷуръат накард, ки истифодабарии онҳоро боздошт намояд. Аз ҷиҳати миқдор дуюм истифодабарандаи кишвар «Ямал» низ чунин амал мекард. Интиқолкунандае, ки соҳиби 15 киштии SSJ100 мебошад, инчунин ният надорад, ки то ба муайян кардани сабабҳои садама, зимни иҷроиши рейсҳо тариқи Superjet чораҳои бехатариро пурзӯр намояд ё ин ки парвозҳоро маҳдуд гардонад.

Смотрите также:  Авиакомпании борются за прибыли ценой удобств и комфорта пассажиров

 

Ширкати IrAero, ки ҳашт адад SSJ 100-ро дорад, маълумот дод, ки нисбати истифода бурдани ҳавопаймоҳои мазкур ягон эътироз надорад ва ҷиҳати боздоштани парвозҳо ният накардааст. «Муддати се соли истифодабарӣ мошин худро аз тарафи мусбӣ нишон дод. Мо натиҷаҳои тафтишоти Москва-ро интизор хоҳем шуд», – гуфт намояндаи интиқолдиҳанда.

Боз як ширкати ҳавопаймоии Россия «Азимут» эълон кард, ки нӯҳ адад ҳавопаймоҳои SSJ 100-и он тибқи ҷадвал ҳаракат мекунанд. Ширкати «Якутия», ки ду адад мошинаҳои мазкурро истифода мебарад, пурзӯр намудани назорати техникиро муаррифӣ намуд. Ҳукумати минтақа доир ба истифодабарии минбаъдаи киштӣ дар асоси натиҷаҳои татфишоти Москва-и садама қарор хоҳад кард.

Истифодабарандаи яккаву ягонаи тиҷоратии хориҷии Sukhoi чораандешии монандиро қарор кард. Interjet-и мексикавӣ ҳамагӣ 5 ҳавопаймои навъи мазкурро истифода мебарад. «Interjet Airlines бо истеҳсолкунанда ва мақомотҳои салоҳиятдори назораткунанда дар алоқаи доимӣ қарор дорад ва аз натиҷаҳои татфишот доир ба масъалаи мазкур бохабар мешавад», – чунин дар изҳороти ширкати авиатсионии буҷетии номбаршуда баён карда шудааст.

SSJ100 3 - Охири Sukhoi Superjet 100 ё давоми мубориза бар зидди яқинӣ?

Мушкилии афзоишёфтаи Superjet

То ба садама дар Шереметево SSJ100 аллакай мушкилиҳои ҷиддиро дошт. На ширкатҳои авиатсионии Россия, на мақомоти Россия доир ба истифодабарии ҳавопаймоҳо маълумоти оморро нашр намекунанд, аммо сарчашмаҳои вуҷуддошта аз он шаҳодат медиҳанд, ки «умеди соҳаи авиатсионии Россия» дар сатхи пасти истифодабарӣ қарор дорад. Тибқи маълумотҳо, ки дар соли 2018 интишор шуда буданд, як SSJ100 дар як моҳ ба ҳисоби миёна 109 соат парвоз мекард. Ин рақам тахминан сеяки соатҳои парвози мошинаҳои аз ҳама маъруфи Airbus ва Boeing — A320 ва B737-ро ташкил медиҳад. Барои пурра тасвир додани аҳамияти мушкилии бамиёномада кифоя аст, ки хабари зеринро иброз намоем: ширкати ҳавопаймоии Interjet дар бораи танҳо панҷ адад Superjet-е ки мавриди истифодабарӣ қарор доранд, маълумот медиҳад, ҳол он, ки ба интиқолкунандаи мазкур 22 адад ин намуди мошинаҳо ба таври расмӣ таҳвил дода шудаанд. Пас боқимондаҳо дар кадом ҳолат қарор доранд? Онҳо бо сабабҳои гуногун парвоз намекунанд, аммо аксарияти мошинаҳо ба хотири қисмҳои эҳтиётӣ ҷудо карда шудаанд, то ки ақаллан панҷ адад SSJ100 баъзан ба болои ҳаво баромада тавонанд.

Смотрите также:  Слияние Boeing с Embraer обретает конкретные формы

Ҳатто дар Россия, ки дар ин ҷо аксар қарорҳо на дар, масъалан, саридораҳои ширкатҳои авиатсионӣ, балки дар Кремл қабул карда мешаванд, маълумотҳо ворид мешаванд, ки интиқолкунандагон роҳи халосшавиро аз ҳавопаймоҳои зиёновар ҷустуҷӯ доранд. «Ямал»-и номбаршуда, ки нисбати SSJ100 боварии хешро (на он қадар самимӣ) изҳор намуда буд, дар баробари ин иброз дошт, ки мошинаҳои навъи мазкурро дигар намехарад. Хотиррасон мекунем, ки қаблан «Ямал» дар бораи харидани боз 10 адад киштиҳо эълон карда буд. Акнун, мудири ширкат Василий Крюк қайд мекунад, ки ҷиҳати вусъат додани парки интиқолкунанда хароҷотҳои калон барои таъмини коршоямии киштиҳои ҳавопаймоии навъи мазкур монеа месозанд ва, аз ин лиҳоз, созиш ба амал расонида намешавад. Имрӯз чунин суханҳо барои шароити ҷории Россия оддӣ нестанд. Вақте, ки «Якутия» як сол пеш дар бораи баровардани Superjet аз парки хеш эълон намуда буд, ширкати ҳавопаймоии мазкур зери фишори ҳукумати Россия фаромада, бо тезӣ «қарори хешро иваз намуд».

Садамаи охирин, бояд ба тобути нахустин киштии ҳавоии мусофиркаши БК «Сухой» мехро мезад. Аввалан хатсайрҳои ҳавопаймоии Словения Adria дар моҳи апрел аз харидани 15 адад SSJ100 даст кашидаанд. Баъдан маълумот ворид шуд, ки корҳо доир ба барпо додани намуди хурдкардашудаи SSJ100» — навъи Superjet барои 75 нафар, ки нисбати он аз ҷиҳати миқдор дуюм ширкати ҳавопаймоии Россия — S7 Airlines рағбат дошта буд, боздошт карда шудаанд.

Вобаста ба созиши якӯми овардашуда, қайд кардан ба маврид аст, ки ба ғайр аз харидани ҳавопаймо, интиқолкунандаи Словения ҷиҳати дар Иттиҳодияи Аврупо бунёд кардани воситаҳои техникӣ барои дастгирии истифодабарандагони Superjet дар ИА, ба истеҳсолкунанда бояд кӯмак мерасонид. Ин тадбир барои баромадани Suchoj ба бозорҳои хориҷӣ (пас аз як силсилаи нобарориҳо) шояд имконияти навбатӣ мегардид.

SSJ100 2 - Охири Sukhoi Superjet 100 ё давоми мубориза бар зидди яқинӣ?

Аэрофлот истифодабарии SSJ100-и хешро боздошт накардааст. Бар ивази ин ширкат талоферо пардохт мекунад, ки аз рӯи талаботи қонун зарур нест. Мусофироне, ки ба беморхонаҳо муроҷиат накардаанд баробар ба 1500 евро талоф мегиранд. Маблағи дукаратаро ба касоне, ки бистарӣ шудаанд, пардохт карда мешавад. Оилаҳои ҳалокшудагон бояд бо 5 миллион рубл ё зиёда аз 68 000 рубл қабул кунанд. Чунин чораандешии ботезӣ ва сахии оператор нишон медиҳад, ки ҷиҳати бартараф шудани душворӣ бо нуфузи SSJ100 ҳукумат чӣ қадар саъю кӯшиш дорад.

Смотрите также:  Аэропорт «Симферополь» озвучил причины повышения тарифов

 

Масъала дар он аст, ки оё супоридани талофҳо тадбири кофӣ шуда метавонад ё не. Таҳлили аввалини оканаи ба ном қуттиҳои сиёҳ маълумотро дар бораи вайроншавии системаҳои электронии канорӣ тасдиқ мекунад, вале сарнишине, ки SSJ100-ро идора менамуд, иброз дорад, ки ҳавопаймо ба зарбаи барқ дучор шуда буд. Ин гуфтаҳо хеле тааҷҷубоварона ба назар мерасанд, зеро айни замон ҳамаи ҳавопаймоҳои мусофиркаш нисбати чунин ҳодисаҳо устуворанд. Инак, оё мошинаҳое, ки нисбаташон маротибаҳо саволҳои ҷиддӣ ба миён меомаданд, парвоз карда метавонанд ё не?

Ҳамаи ин ҳолати бавуҷудомада ба ҳаракатҳои Boeing монанди дорад, ки он ба хотири пешгирии талафи маблағ, то ба лаҳзаи охирин бовариро нисбати MAX таъмин мекард. Доир ба SSJ100, мутаассифона, сухан дар бораи пул намеравад. Чизе вуҷуд дорад, ки нисбат ба пул аҳамияти зиёдтарро дорад – ин нуфузи ҳукумат аст, ки бо хаёлҳои хоми худ дар бораи шӯҳрати дарпешистодаи саноати авиатсионӣ, ки гӯё бо Airbus ва Boeing рақобат карда метавонад, ҷамъиятро ба иштибоҳ медарорад.

Ба лоиҳаи мазкур маблағҳои бузурге сармоя карда шудаанд (тақдири аксари онҳо умуман маълум нест), ки нисбат ба миқдори лоиҳа ва ҳаҷми барориш номуносиб мебошанд. Чӣ тавре таърихи SSJ100 шаҳодат медиҳад — шӯҳрати мазкур хеле шубҳаангез аст.

Андрей Бочкарев