Парвозҳои солинавӣ ба Соҳили Лоҷвардӣ

Ташкили бенуқсони парвозҳои шахсӣ ба Соҳили Лоҷвардӣ аз ҷониби ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL). Трансфер ба ҳар осоишгоҳ ва пешниҳоди хизматрасониҳои ҳамроҳӣ.

Ҳавопаймои шахсиро ба Соҳили Лоҷвардӣ ҷустуҷӯ доред? Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) силсилаи фармоишҳои пешазсолинавиро ба Фаронса тариқи ҳар хатсайрҳо бо нархҳои аз ҳама фоидаовар оғоз менамояд.
Тирамоҳи соли 2018 мо як чанд ҳавопаймоҳои навро ба менеҷменти тиҷоратӣ гирифтаем, ки аз ин лиҳоз барои пешниҳод кардани тахфифҳои назаррас ва бонусҳои дилписанд ба мизоҷони худ имконият дорем!

Мо инҳоро кафолат медиҳем:

• нархҳое дар бозори авиатсияи тиҷоратӣ аз ҳама фоидаовар,
• шаффофият ва тозагии ҳуқуқии ҳар як созиш,
• муносибати индивидуалӣ нисбати ҳар як мизоҷ,
• аҳамияти ҷиддӣ нисбати чораҳои бехатарӣ,
• маҳфияти қатъӣ,
• иҷроиши ҳар хоҳиши фармоишгар,
• дар вуҷуди зарурият, пешниҳод намудани силсилаи хизматрасониҳои иловагӣ.

Соли навро дар Соҳили Лоҷвардӣ гузарондан – ин ба афсонаи фантастикии зебонамуди солинавӣ афтодан ва аз кулли афзалиятҳои осоишгоҳи зимистонаи баҳрӣ ҳаловат бурданро маънӣ дорад. Иқлими соф барои сайрҳои дарозмуддат дар кӯчаҳое, ки дар ҳар як канораашон шуморо аҷуба ва, эҳтимолан, тӯҳфа интизораст, мусоидат мекунад! Ҳар кадом осоишгоҳро интихоб кунед: Нисса, Канн, Сен-Тропе, Вилфранш-сюр-Мер, Антиб, Марсел, Монако, Ментон, Боле-сюр-Мер, Сен-Жан-Кап-Ферра, – дар ҳама ҷо муҳити хоси беназир ва иди фаромӯшнашаванда бо барномаҳои дилписанду таомҳои боллазат ба назар мерасанд.

Трансфери босифатро интихоб намоед

AVIAV TM (Cofrance SARL) на танҳо иҷораи ҳавопаймо ва ташкили парвози шахсиро ташкил мекунад, балки тамоми трансферро ба таври «то ба калид» ба ӯҳда мегирад, шуморо аз фурудгоҳ ба осоишгоҳи интихобнамудаатон тариқи чархбол ё ин ки автомобили бароҳат бурда мерасонад, дар ҳама ҷо пешвоз ва гусел мекунад, ба ҳар як савол ҷавоб медиҳад. Дар соли Нав шуморо тӯҳфаҳою аҷубаҳо аз ширкати мо интизоранд ва, дар вуҷуди хоҳиш мо барои шумо барномаи индивидуалии шавқоварро дар Соҳили Лоҷвардӣ таҳия менамоем.

Ба ғайр аз парвози шахсӣ мо саёҳатҳои фаромӯшнашавандаи чархболиро дар ҳар як маҳалли Ривераи Фаронсавӣ пешниҳод менамоем. Дар ҳар куҷое, ки шумо истироҳат мекунед, шумо ба осонӣ ва бо тезӣ иҷора кардани чархбол аз ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ва саёҳати ҳавоӣ карданро имконият доред. Саёҳати чархболиро ба фармоиши ҳавопаймои шахсӣ дохил кунед ва то ба 50% тахфифро ба таври тӯҳфа қабул намоед.

Дар идҳои Мавлуди Исо доимо чизе мӯъҷизаовар хоҳиш карда мешавад. Саёхати зимистонӣ ба Ривераи Фаронсавӣ барои шумо саргузашти воқеъии афсонавӣ мегардад, агар шумо истироҳати хешро ба ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) боварӣ мекунед. Бронкунии ҳавопаймои шахсиро бо шартҳои аз ҳама фоидаовар шитобед: Соҳили Лоҷвардӣ шуморо интизораст!