Боздидҳои муштариён

Ёдгора Ниёзӣ. Аз ширкати брокерии AVIAV TM (Cofrance SARL)  барои рейси фораму ботезӣ аз Тошканд ба Деҳлӣ самимона сипосгузорем. Шавҳари азизам, ки саёҳати мазкурро бароям чун тӯҳфа ташкил карданд, аз гуфтаҳояшон «классика» – Challenger 605-ро интихоб карданд. Нишемани бароҳат, хоб кардан мумкин, хӯроки гармро ба худи канор ширкати кейтерингӣ  оварда дод. Вақтро дар парвоз бо аҳли дугонаҳоям хеле хуб гузарондем. Трансфер – тавассути автомобили дараҷаи бизнесро низ пешниҳод карданд. Аҷиб аст, ки вақти парвозро худи мо муқаррар кардем ва ҳавопаймои хусусӣ аз фурудгоҳи «Тошканди Шарқӣ» дақиқа ба дақиқа саривақт парвоз кард. Терминали алоҳида барои рейсҳои тиҷоратӣ – ин ҳам афзалияти хеле бузург мебошад. Сервис барои ҳамаи моён маъқул шуд. Худро чун маликаи ҷаҳон эҳсос намуда будам!

Равшанбек ва Назира Ҳ. Мо, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият дорем ва таҳсил мекунем, бо дастгирии волидайнамон, хулоса кардем, ки барои тӯйи арӯсии хеш ҳавопаймои тӯйиро ба иҷора гирем. Ва ба туфайли ин ширкати ӯҳдабаро ба мақсади романтикиамон ноил гаштем! Ширкат ҳатто, сомонаи хешро дорад, ки ба тӯйи арӯсӣ бахшида шудаст. Канорро хеле базеб ороиш доданд, дастурхони идонаро оростанд! Мо ниҳоят шодем ва дар ҳаёти оилавӣ хушбахтии бепоёнро умедворем!!!

Давлатмир Худододов. Моҳи октябри соли гузашта шарикони тиҷоратӣ ва дӯстони наздикам аз Украина: Олеся ва Влад Борисенкоро ба меҳмонӣ қабул карда будам. Аз баски Влад ҳаводори ашаддии кӯҳҳои Помир мебошад, бо кӯмаки ширкати «Кофранс» тури чархболиро дар гирди куллаҳои баландтарини «Боми ҷаҳон» – Исмоили Сомонӣ ва Ғалаба, ҳамчунин аз болои кӯли Сарез ва пиряхи Федченко ташкил кардем! Саёҳат дар чархболи хусусӣ хеле аҷибу афсонавӣ гузашт! Аҳсан! Гап нест! Хотираҳои олиҷаноб ва зебогии боҳашамат! Барои мо варианти арзонтарро пайдо карданд. Таҷрибаи фаромӯшнашаванда, тавсия медиҳем!

Пӯлот Сафаров. Зиёда аз бист сол дар Аврупо зиндагиро ба сар мебарам ва бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошам. Имконият дорам, ки ба хотири тиҷорат ҳавопаймоҳои хусусиро, яъне бизнес-ҷетҳоро аз ширкати мазкур истифода барам. Барои фармоиши ҳавопаймоҳо сервиси хеле қулайи муосирро доранд. Тамоми опсияҳоро тариқи онлайн интихоб кардан мумкин. Замимаи чартерӣ бенуқсонона кор мекунад. Ба гадҷети худ сабт кардам – ва ҳамаи ҳавопаймоҳои хусусӣ гӯё дар ихтиёрам. Менеҷери AVIAV TM ҳам бо таври онлайн ва ҳам дар телефон доимо дар алоқа қарор дорад, бинобарин, агар ягон чизро маслиҳат кардан лозим шавад, ҳамаи масъалаҳо якбора ҳалу фасл мегарданд.

Замира ва Салима Ҷаффаровҳо. Ба андӯҳи бепоён дучор шудем: падари бузургвори мо дар клиника дар Исроил ногаҳон вафот карданд. Аз рӯи полис интиқоли ҷасадро ба мо бояд пардохт мекарданд, аммо, ҷиҳати ташкилиаш пурра ба сари мо фаромад. Мо дар ҳолати садамоти сахт қарор доштем ва ба ширкати якӯм фаромада муроҷиат кардем, ин ширкати АВИАВ буд. Шукрона, ширкати зикршуда дар диёри бегона наҷоти аслӣ гашт, зеро дар он ҷо ба мо касе кӯмак карданӣ набуд, ҳама фақат сухани беҳударо бисёр мегуфтанду халос. АВИАВ, бошад, интиқоли ҳавоии тобутро тавассути ҳавопаймои хусусӣ ба мо пурра ташкил кард. Мо, ду хоҳарон низ дар ин ҳавопаймо парвоз кардем. Кормандони ширкат тамоми расмиятҳоро дар як лаҳза ба тартиб дароварда, ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро омода карданд, ҷиҳати харидани чизҳои лозимӣ ва лавозимотҳо барои интиқоли падари шодравонамон ташвиш кашиданд. Ба мо кӯмаки психологро низ пешниҳод карданд ва ин таклифи ягонае буд, ки онро мо рад намудем. Дар қисми боқимонда хизматрасонӣ хеле зарур буд ва мо барои дастгирию таъҷилнокӣ аз ширкат миннатдорӣ мекунем.

Daler 82. 1 июни соли 2019 дар варзишгоҳи маъруфи «Метрополитано» дар шаҳри Мадрид бозии финали Лигаи чемпионҳо байни дастаҳои англисии «Тоттенхэм» ва «Ливерпул» баргузор гардида буд. Моён, як аҳли ҳаводорони футбол аз Тоҷикистон бо маслиҳати як бародарамон аз Фаронса барои ташриф овардани ин бозии муштоқона, бо ёрдами ширкати AVIAV TM бизнес ҷетро фармоиш дода будем. Ин ширкати хеле хуб будаст, барои интиқоли варзишгарону ҳаводорон сервиси махсусро дорад. Аҷоиб! Бароямон на танҳо ҳавопайморо пешниҳод намуданд, балки чиптаҳоро барои бозӣ фармоиш доданд ва отелро дар Мадрид, ки дар ҳамон рӯзҳо ёфтани ҷои хоб хеле душвор буд, брон карданд. Парвоз ба Испания бе ягон мушкилӣ гузашт, мо дар бозии финали Лигаи чемпионҳо иштирок кардем, хеле хушбахт шудем! Хулоса, ширкатро мо тавсия медиҳем, ташкилӣ дар сатҳи олӣ, қоил!

Алӣ Бурҳонович, Lochin LTD. Ширкати хуби брокерӣ бо муносибату сервиси сатҳи аврупоӣ. Нархҳои шаффоф, варақаи пурраро бо нишон додани нархҳои химатрасонӣ пешниҳод мекунанд. Дар бораи он, ки барои чӣ пардохт мекунӣ, якбора тасаввурот пайдо карда метавонӣ. Албатта, авиатсияи хусусӣ – на барои ҳама, ин фаҳмо аст. Лекин, шахсонеро, ки барояшон чунин хизматрасонӣ дастрас мебошад, таклиф мекунам: муроҷиат кунед – идораи боэътимод аст.

Азиз Карахонзода. Роҳбари намояндагии ташкилоти байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ Роберт Дамански ба мо кормандони зеритоати худ супориш дод, ки 4 саги дастпарварди ӯро тавассути роҳи ҳавоӣ аз Аврупо ба Тоҷикистон оварда расонем. Барои иҷроиши ин вазифаӣ ғайриоддӣ AVIAV TM (Cofrance SARL)-ро, ки бо нархи бомантиқ иҷораи ҳавопаймои хусусиро пешниҳод мекунад, интихоб намудем. Парвози нисбатан камхарҷро пайдо намуданд ва онро аз ибтидо то интиҳо ташкил карданд. Барои сагҳо ягон маҳдудият набуд: бо ман якҷоя дар нишеман парвоз карда, асабӣ нашуданд. Хӯроки онҳоро алиҳода, аз рӯи фармоиши ман оварданд. Маъқул шуд, ки нисбати тамоми масъалаҳо ва мушкилиҳо ҷиддӣ рафтор карданд, ҷиҳати тартиб додани ҳуҷҷатҳо барои интиқоли сагҳо кӯмак расониданд. Дар навбати оянда, вақте, ки дастпарвандагони шефамро гашта ба ватанаш гусел кардан лозим шавад, ба худи ҳамон ширкат боз муроҷиат мекунам.

Ҷонибек Бохтарӣ. Ба ин ширкат як маротиба муроҷиат кардам, дар он вақт як рейс аз Москва ба Мюнхен зарур шуда буд. Модаркалонамро аз  беморхонаи пойтахтии Бурденко ба як клиникаи номдори олмонӣ пас аз ташхис барои муолиҷа мебурдем. Аз баски модаркалонам бо баллони оксиген бояд сафар мекард, рейси одатӣ барои ин мақсад мутобиқ набуд. Хушбахтона парвози Empty Legs пайдо шуд, ки нисбат ба иҷора хеле ва хеле арзон буд. Менеҷери ширкат онро ҳақиқатан ду соат пеш аз парвоз брон карда тавонист. Хулоса, ҳамаш хуб гузашт, саломатии бибиҷонам беҳтар шуда истодааст.

Bakha Рамзӣ. Ширкати хуб, муносибати хуб. Нархҳо, мисли дигар ҷойҳо, аммо интихоби ҳавопаймоҳо хебе бузург аст. Бачаяке, ки ба занги ман ҷавоб дода буд, шӯхтабъу ӯҳдабаро будаст.