Як қатор афзалиятҳои иҷораи ҳавопаймои хусусӣ

Поиск и аренда частных самолетов

Барои иҷораи ҳавопаймои хусусӣ чун роҳи аз ҳама самаранок, қулай ва фасеҳтарини тиҷорати муосир сабабҳои бисёр мавҷуданд.

Албатта, яке аз афзалиятҳои асосӣ иборат аз он аст, ки бархилофи рейсҳои мунтазамӣ, чартер аз ҷадвали қатъӣ вобаста набуда, дар зимни ин имконият медиҳад, ки хатсайри парвоз бо эҳтиёҷоти мизоҷон мутобиқат карда шавад.

Масъалан, агар рейсҳои тиҷоратӣ байни сесад фурудгоҳҳо рафту омад карда метавонанд, ҳавопаймоҳои хусусӣ аз байни зиёда аз 7000 бандарҳои ҳавоӣ нуқтаҳои парвозу фурудоиро озодона интихоб мекунанд. Ин далел ба мизоҷони брокерони чартерӣ дар ҷодаи интихоби рейсҳо фасеҳии муайнеро бахшида, имконият фароҳам месозад, ки онҳо вақту ҳаракатҳои хешро камтар сарф намоянд. Ғайр аз ин, ҳавопаймоҳои хусусӣ қариб дер намемонанд, зеро, ҳатто, обу ҳавои вайронгардида нисбати интихоби фурудгоҳи дигари фурудоӣ ба сарнишинон монеа намекунанд. Агар ягон вақт аз сабаби дермонии рейс дар толори серодами фурудгоҳ хаста шуда бошед, шумо ба дараҷаи дилхунукӣ аз парвози ширкати ҳавопаймоии тиҷоратӣ баҳо дода метавонед. Ва агар дар оқибати ҳолати мазкур дермонӣ ба вохӯрии муҳими корӣ ё расонидани зарар ба саломатии наздикон ба вуҷуд оянд, масъала танҳо бо дилхунукӣ маҳдуд шуда наметавонад.

2 5 - Як қатор афзалиятҳои иҷораи ҳавопаймои хусусӣ

Албатта, ҳатто он касе, ки тавассути дараҷаи якӯми рейси тиҷоратӣ саёҳат мекунад, танҳо як қисми ночизи ҳузуру бароҳатии канори ҳавопаймои хусусиро эҳсос карда метавонад. Ғайр аз ин, дар ин ҷо низоми гузаштани санҷиши бехатарӣ амалан вуҷуд надорад. Дар асл, он лаҳзае, ки оператори чартерӣ тамоми маълумоти заруриро қабул менамояд ва рейсро брон мекунад, ба шумо танҳо бор кардани бағоҷи хеш ба канори ҷет ва даруни нишемани ҳавопаймои хусусӣ баҳузур ҷобаҷо шудан боқӣ мемонад. Ба ғайр аз санҷиши шаҳодатномаи шахсӣ, шумо аз ягон санҷиш намегузаред ва ин ҳолат он маъноеро дорад, ки аз навбатиҳои дароз ба назди пештахтаи бақайдгирӣ, фурудгоҳҳои серодам ва ҳ. халос мешавед.

Смотрите также:  Влияние авиации на глобальные изменения климата

 

Бехатарӣ ғамхории асосии оператори чартерӣ ва мусофиркаши ҳавопаймоӣ мебошад

Таҷрибаи ҷаҳонӣ қоидаҳои қатъиро қабул намудааст, ки фаъолияти рейсҳои чартерии ҳавоиро ба тартиб медароранд ва барои мусофиркашонони ҳавоӣ ин далел, дар баробари бароҳатӣ ва баҳузурӣ, доимо афзалияти аввалиндараҷа бояд бошад. (Вале, албатта, хатари рӯбарӯшавӣ бо брокерони беинсофе, ки аз қоидаҳои амалкунанда дасткашӣ карданро кӯшиш доранд, доимо мавҷуд аст).

Маҳфиятдорӣ – ин боз як сабаби асосӣ аст, ки чаро аксарияти роҳбарони сатҳи баланд тавассути ҳавопаймоҳои хусусӣ парвоз карданро авлотар мешуморанд. Вақте, ки шумо масъалаҳои шахсӣ ё молиявиро муҳокима мекунед, аз касоне, ки дар наздикиатон қарор доранд, доимо хавотир мешавед. Ба канор бо худ ҳар касеро, ки хоҳиш доред, даъват намоед ва ба ҳар ҷое, ки хоҳиш доред, сафар кунед. Ва агар ба шумо муҳофизони шахсӣ зарур шаванд ё шумо бори қиматбаҳоро интиқол медиҳед, оператори чартерӣ сатҳи марбутаи бехатарӣ ва маҳфиятдориро таъмин менамояд.

Смотрите также:  Станет ли авиационная отрасль более экологичной?

3 5 - Як қатор афзалиятҳои иҷораи ҳавопаймои хусусӣ

Ҷети тиҷоратӣ ҳамчунин ҷиҳати зимни парвоз аз даст бой надодани вақт ва ба таври ниҳоӣ самаранок истифода бурдани он, имконият фароҳам месозад. Ба шумо зарур намегардад, ки се соат пеш аз парвоз ба фурудгоҳ ҳозир шавед, то ки дар толори серодам рейси хешро нишаста интизор шавед. Аз лиҳози он, ки ҳавопаймоҳои хусусӣ амалан дар ҳар фурудгоҳи ҷаҳон фурудоӣ карда метавонанд, шумо эҳтимолан дар бандари ҳавоие ба нуқтаи таъиноти ниҳоӣ наздиктаринбуда фаромада метавонед. Аз ҳама хубтаринаш аз он ифода меёбад, ки дар канори ҳавопаймои хусусӣ қарор дошта, шумо бидуни хатари халалрасонӣ, кор карда метавонед.

Боз як бонуси равшан – шумо амалан ба пуррагӣ аз хатари гумшавии бағоҷ эмин мегардед. Кор дар он аст, ки бағоҷ якҷоя бо шумо дар як ҳавопаймо саёҳат мекунад (воқеъан, шумо бағоҷро ба болои канор бо дасти худ медароред), ҳамин тавр зарурияти интизоршавии бағоҷ дар нуқтаи муқарраршуда бартараф карда мешавад. Ба ғайр аз ин, шумо метавонед дилпур бошед, ки амволатон аз муносибати дағалонаи боркашонони кироии фурудгоҳ эмин мегардад.

Смотрите также:  Быстрый секс: развлечение в самолёте

 

 

 

Ҷомадонҳоро бандед, ба Cofrance SARL (TM AVIAV) занг занед ва ба сафари хизматии навбатӣ ё рухсатӣ тайёр шавед. Дастаи мутахассисони ширкат  интихоби ҳавопаймои хусусии олиҷанобро кӯмак мерасонад, рейсро бо экипажи баландихтисоси парвозӣ таъмин менамояд ва, умуман, парвозро дар сатҳи баландтарин ташкил мекунад.

 

Шумо дар ҳар вақт шаклро дар сомонаи брокер пур карда метавонед, ва дилпур бошед, ки агентҳо сари ҳар як қадам: аз банақшагирии сафар то ба фурудоии бомуваффақият дар фурудгоҳи муқарраршуда дар назди шумо қарор медоранд.

Шошина Олга